Шабакаи SLMTJ

Шабакаи SLMTJ ташаббуси кушод мебошад, дар он намояндагони аз ташкилотҳои гуногун, корхонаҳои ҳукумати, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ якҷоя бо мақсади пешбурди идоракунии устувори захирахои замин дар Тоҷикистон ба хам омадаанд. Мо маводхои донишро (усулҳо, таҷрибаҳои беҳтарин, натиҷаҳои лоиҳа) тахия, ҷамъоварӣ, мубодила ва паҳн карда дар беҳтар кардани дастрасӣ ба ин маводхо кушиш мекунем. Дар ин самт мо бо роҳи муайян кардани таҷрибаҳои пешқадами ИУЗЗ дар минтақаҳоие, ки кор мекунем табодули таҷриба дар байни хамдигар мекунем. Тавассути усулҳои ширкатӣ муштарак мо барои тавсиф намудани усулҳои ИУЗЗ ва таҷрибахоямонро дар шакли санад ва видеофилмҳо пешниҳод мекунем. Мо маводҳои донишро дар сохаи ИУЗЗ барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дастрас намуда, мубоҳисаҳо ва мубодилаи таҷрибаомӯзиро анҷом медиҳем.

Сохтори шабакаи SLMTJ

Дар айни замон 16 ташкилотҳои миллӣ ва байналхалқӣ, ки дар Тоҷикистон дар сохаи ИУЗЗ кор мекунанд, қисми шабака мебошанд. Маркази экологии ҷавон шабака ва платформаи донишро хамчун Ҳамоҳангсози шабака дастгирӣ мекунад. Шабака бо технологияҳои K-Link дастгирӣ карда мешавад.

Шабакаи SLMTJ ва платформаи дониш дар доираи лоиҳаи идоракунии экологии замин ва воситаҳои зиндагӣ дар деҳот (ELMARL), ки аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зист амалӣ карда шудааст, бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ва ГЕФ, таъсис дода шуд.

Иштирок дар Шабакаи SLMTJ

Дар доираи шабака намояндагон аз сохторҳои давлатӣ, тичорат, илмӣ ва таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд иштирок намуда метавонанд:

Оё дар Шабакаи SLMTJ иштирок кардан мехоҳед?

Ҳар як ташкилоте, ки омодааст мубодилаи дониш ва таҷрибаи худро дар соҳаи ИУЗЗ дар Тоҷикистон бо дигар хамкорон мубодила намояд мархамат барои ба шабака хамрох шудан бо Ҳамоҳангсози Шабака тамос гиред. Агар шумо ё ташкилоти шумо дар соҳаи ИУУЗ кор карда истодаед ва мехоҳед, ки дониши худро бо дигарон мубодила намуда ба дониши дигар созмонҳо ё мутахассисон соха дастрасӣ дошта бошед, ба ҳамоҳангсози шабака SLMTJ барои шомил шудан ба шабака дархост ирсол кунед.:

Юрий Скочилов,
Координатор Сети SLM/ELMARL,
slmnetwork.tj@gmail.com
918 61 34 28
227-81-18
http://www.ecocentre.tj